Яҳудо
1
Яҳудо ба имондорон салом мегӯяд
Ман, Яҳудо, бандаи Исои Масеҳ ва бародари Яъқуб ҳастам. Ба даъватшудагон, ки дар Худо Падар муҳаббат* Дар баъзе нусхаҳои қадимаи Навиштаҷот «тақдисёфта ё покшуда» омадааст. пайдо намуда, дар паноҳи Исои Масеҳ мебошанд, лутфу меҳрубонӣ, осоиштагӣ ва муҳаббат орзумандам!
Ҳукм шудани муаллимони дурӯғин
Дӯстони азиз, хеле мехостам ба шумо дар бораи наҷоти умумиямон нависам. Лекин ҳоло зарур донистам, ки ин номаро навишта, шуморо рӯҳбаланд созам, то барои имоне, ки боре ба муқаддасон муқаддасон — мувофиқи таълимоти Инҷил ҳар одаме, ки ба Исои Масеҳ имон дорад муқаддас ҳисобида мешавад. дода шудааст, мубориза баред. Зеро баъзе касон, ки дар бораи маҳкум шуданашон ҳанӯз дар замони қадим навишта шудааст, пинҳонӣ дар миёни шумо ҷой гирифтаанд. Онҳо худобехабар буда, файзи Худои моро ҳамчун иҷозат ба бадахлоқии ҷинсӣ медонанд ва ягона Ҳокиму Худованди мо Исои Масеҳро рад мекунанд.
Ҳоло мехоҳам он чиро, ки худатон хуб медонед, бори дигар ба шумо хотиррасон намоям. Худованд мардуми Худро аз замини Миср халос кард, вале сипас аз байнашон онҳоеро, ки бовар накарданд, нобуд сохт. Инчунин, фариштаҳо мақоми худро нигоҳ надошта, манзили худро тарк карданд. Ӯ онҳоро дар торикии абадӣ занҷирбанд намуда, барои рӯзи бузурги қиёмат нигоҳ медорад. Мисли ин фариштаҳо, шаҳрҳои Садӯму Амӯро ва деҳоти гирду атрофи онҳо, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ ва хоҳишҳои ғайритабиӣ дода шуда буданд, ҳамчун намуна гирифтори ҷазои оташи абадӣ гаштанд.
Ин одамон дар асоси хобҳои дидаашон ҷисмашонро ҳаром мекунанд ва қудрати Худовандро рад менамоянду ҷалолдорони осмониро дашном медиҳанд. Ҳол он ки ҳатто фариштаи бузург Микоил чун бо иблис дар бораи ҷасади Мусо пайғамбар баҳс мекард, ба худ раво надид, ки ӯро бо дашном ҳукм намояд. Ӯ ба иблис танҳо гуфт, ки бигзор Худованд сазои туро диҳад. 10 Ин одамон намедонанд, ки киро дашном медиҳанд. Лекин он чӣ ки табиатан, мисли ҳайвони беақл мефаҳманд, онҳоро нобуд мекунад. 11 Вой бар ҳоли чунин одамон, чунки бо роҳи Қоин Қоин — одамкуши нахустин. мераванд, пул гуфта, гирифтори хатои Билъом§ Билъом — шахсест аз Паймони куҳан, ки бар ивази пул халқи Исроилро лаънат карданӣ буд. шудаанд ва саркашӣ намуда, мисли Қӯраҳ* Қӯраҳ — шахсест аз Паймони куҳан, ки бар зидди Мусо исён карда буд. нобуд мешаванд. 12 Онҳо ҳангоми хӯроки шомҳои муҳаббат байни шумо мисли санги пешпое нишаста, бе тарсу ҳарос худро мепарваранд. Онҳо абрҳои беобанд, ки бод мебарад ва дарахтони бемеваанд, ки дар тирамоҳ решакан мешаванд ва дубора мемиранд. 13 Онҳо мавҷҳои шадиди баҳранд, ки шармандагии худро мисли кафк рӯйи об мебароранд. Онҳо ситорагони овораанд, ки барои ҳамеша ба торикии зулмонӣ хоҳанд рафт. 14 Ҳамчунин, Ҳанӯҳ, ки насли ҳафтуми Одам буд, дар бораи онҳо пешгӯйӣ намуда гуфтааст: «Бингар, Худованд бо ҳазор-ҳазор муқаддасони Худ меояд. 15 Меояд то ки ҳамаро маҳкум намояд ва ҷони ҳар гунаҳкорро мувофиқи кирдори бадаш ва суханони бешармонааш, ки ба Ӯ гуфтааст, ҷазо диҳад». 16 Онҳо ҳамеша шикоят мекунанд ва баҳона меҷӯянд, аз пайи хоҳишҳои худ ҳастанд, бо худ меболанд ва барои фоидаи худ хушомад мезананд.
Насиҳат ба вафодорӣ
17 Аммо шумо, дӯстон, суханони фиристагони Худовандамон Исои Масеҳро, ки пеш ба шумо гуфта буданд, дар ёд доред. 18 Онҳо ба шумо чунин мегуфтанд: «Дар охирзамон масхарабозоне ба миён меоянд, ки аз пайи хоҳишҳои бади худ мераванд». 19 Онҳо ҷудоӣ меандозанд, мувофиқи майлҳои ҷисмонӣ рафтор мекунанд, лекин Рӯҳи Худоро надоранд. 20 Аммо шумо, дӯстони азиз, бо Рӯҳи Пок пайваста дуо карда, худро бар имони поктаринатон бунёд кунед. 21 Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред, чунки ҳоло умедвори марҳамати Худовандамон Исои Масеҳ барои ҳаёти абадӣ мешавед. 22 Нисбат ба онҳое, ки дудила ҳастанд, раҳмдил бошед. 23 Баъзеро гӯё аз дами оташ кашида, наҷот диҳед. Нисбати баъзеи дигар бо эҳтиёт дилсӯзӣ намоед, ҳатто ба либосе, ки олудаи ҷисми гунаҳкор аст, даст нарасонед.
Дуои ҳамду сано
24 Ба Ӯ, ки шуморо аз гуноҳ нигоҳ дошта,
бе камбудӣ ва бо шодмонӣ пеши ҷалоли Худ оварда метавонад,
яъне 25 бар Худои ягона, ки ба воситаи Худованд Исои Масеҳ наҷоткори мо шудааст,
дар тӯли асрҳо, аз имрӯз то абад
бузургиву ҷалолат ва нерӯву қудрат бод! Омин!

*1:1 Дар баъзе нусхаҳои қадимаи Навиштаҷот «тақдисёфта ё покшуда» омадааст.

1:3 муқаддасон — мувофиқи таълимоти Инҷил ҳар одаме, ки ба Исои Масеҳ имон дорад муқаддас ҳисобида мешавад.

1:11 Қоин — одамкуши нахустин.

§1:11 Билъом — шахсест аз Паймони куҳан, ки бар ивази пул халқи Исроилро лаънат карданӣ буд.

*1:11 Қӯраҳ — шахсест аз Паймони куҳан, ки бар зидди Мусо исён карда буд.